Сайидалии Мӯсавӣ-сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Англия рӯзи ҷумъа ба муносибати рӯзи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ бо ҳузур дар донишгоҳи Кембриҷи Англия аз идомаи фаъолиятҳои профессор Мелвил ва ҳамсараш дар муаррифии фарҳангу тамаддуни Эронзамин дар ҷаҳони Ғарб қадрдонӣ кард .Ба гузориши Порстудей , Мӯсавӣ дар идома ба поси ним қарн талоши холисонаи ин хонавода дар арсаи забону адаби форсӣ як ҷилд китоби нафис аз осори ҳунарии устод Маҳмуди Фаршчиёнро ба ишон эҳдо кард .
Профессор Чарлз Мелвил, устоди таърихи Эрон дар донишгоҳи Кембриҷ ва узви Коллеҷи Пембрук , аз барҷастатарин чеҳраҳои эроншиносӣ ва шоҳномапажӯҳӣ дар ҷаҳони Ғарб ба шумор меравад, ки осори мондагору таъсиргузореро дар ҳавзаи мутолиъоти Эрон , ба вижа дар бораи Шоҳномаи Фирдавсӣ ба риштаи таҳрир даровардааст .
Доктор Фирӯза Мелвил низ аз пажӯҳишгарони фаъол дар ҳавзаи фарҳангу забони форсӣ аст, ки дар канори ҳамсари худ нақши муҳимме дар тақвияти ҷойгоҳи адабиёти Эрон дар фазои илмӣ ва донишгоҳии Британия ифо кардааст .
342/
Your Comment